- узр
- [عذر]а1. сабаб ва далеле, ки пас аз рафтори нодурусте ё барои афви гуноҳе оварда мешавад; бахшоиш пурсидан, маъзарат, пӯзиш; узри тақсир узрхоҳӣ барои гузаштан аз гуноҳ, маъзарат пурсидан; узр овардан сабаб ва делел нишон додан барои сафед кардани худ аз гуноҳ; маъзарат хостан; узр хостан (пурсидан, гуфтан) афви гуноҳ талабидан, маъзарат хостан, бахшоиш пурсидан (барои ягон амали ношоистаи худ); узри касеро қабул кардан (писандидан) сабаб ва далели нишондодаи касеро асоснок ҳисоб кардан, пазируфтан; узри касеро рад кардан сабаб ва баҳонаи касеро барои иҷро накардани коре беасос донистан2. баҳона, сабаби беасос барои сафед кардани худ: дили нохоҳам, узри бисёр (мақ.); узри бадтар аз гуноҳ (мақ.) узре, ки гуноҳро сабук накарда, боз вазнинтар мекунад, узре, ки овардани он нисбат ба гуноҳи содиршуда гуноҳи калонтар ҳисоб мегардад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.